ВАХШ. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бахшида ба 16-ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” вохӯрӣ бо фаъолони ҳизб доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон иштирок намуда, аҳли ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба аъзои фаъоли ҳизб сипосномаҳо ва туҳфаҳо тақдим намуданд.