БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЗАМИНАГУЗОР БАРОИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

АНДЕША. Даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро метавон ба ду давраи комилан фарқкунанда ҷудо намуд: то иҷлосия, баъд аз иҷлосия. Давраи то иҷлосия хушбахтона замони хеле кутоҳ яъне замони шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ, нооромии мамлакат, гуруснагӣ кашидани мардум, аз тарси ҷон ба ӯҳда нагирифтани мансаби Раиси шӯрои олӣ аз ҷониби вакилони “Девони Вазирон”-ро дар бар мегирад, ки барои Тоҷикистон ва мардуми он хотироти некро ба ёд намеорад. Давраи дуюм давраи қадамҳои устувор гузоштан ба давлати осоишта, ҳуқуҳбунёд ва демократиро дар бар мегирад. Маҳз дар ҳамин давра “Муқадасоти миллӣ”, Артишии миллӣ”, “Конститутсия”-и нав таъсис дода шуд, ки барои сохтани давлати мукамали ҳуқуқбунёд, демократӣ сохтан замина гузошт. Ин ҳама баъди интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои олӣ ба даст омад. Маҳз бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои амнтарин ва зеботарин мубадал гаштааст. Ба Тоҷикистони имрӯза назар карда метавон гуфт, ки интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоби беҳтарин буд. Бо он ҳама заҳматҳое, ки Президенти муҳтарам кашидаанд агар солҳо сухан гӯем кифоя нахоҳад буд. Мо аз хушбахттаринҳоем, ки натиҷаи он ҳама заҳматҳоро бо чашми худ дида ва аз меваҳои ширини он истифода бурда истодаем.

Рузи Президент ба ҳамаи мо муборак башад ҳамватанони азиз!

Баҳром Юсупов, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар н.Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg