БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ - РӮЗИ НАҶОТИ МИЛЛАТ

АНДЕША. «Ман ба Шумо сулҳ меорам». Оре ӯ роҳбариро аз ин сухан оғоз кард. Ин ҷумлаи созанда замоне бо садои пурқуввату бовариманде шунида шуд, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992) ин марди хирад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Дар он давр, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга мезад, зимоми давлатдориро ба даст гирифтан, ин маънои аз ҷони худ ва наздикон гузаштанро дошт. Пас Пешвои мо ҳанӯз дар он замони бениҳоят ҳассос, ки дар таърих ҳамчун рӯзҳои сангин сабт гардидаанд, аз ҷони худ гузашта, ба майдони сиёсат бо қадамҳои қавию устувор бо ваъдаи “Ман ба Шумо сулҳ меорам” ворид гардид. Бешак метавон гуфт, ки Пешвои мо марди Худодод аст, зеро кам мамлакатҳое, ҳастанд, ки баъд аз хокистар шудан эҳёи дубораро насиб гарданд, вале ин марди майдон Тоҷикистонро на танҳо аз вартаи нестшавӣ раҳонид, балки Тоҷикистон ва миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ва миллати соҳибтамаддуну ориётабор шиносонд. Инчунин, дар таърих кам одамҳое ҳастанд, ки ба якборагӣ маҳбуби ҳамагон гарданд. Пешвои маҳбуби мо аз зумраи чунин шахсиятҳои нотакрори таърихӣ, далертарину ҷасуртарин марди замон ба шумор меравад, ки дар дилу дидаи ҳамагон маъво гирифтааст. Рӯзи Президент, ҳамчун рӯзи наҷотёбии миллат аз вартаи нобудшавӣ, рӯзи некбахтӣ, рӯзи пурфайз, рӯзи эҳёи дубораи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Олитарин хидмати Пешвои миллат, ки ҳатто душманони сиёсияш ҳам онро эътироф мекунанд, ин хомӯш намудани оташи пурсӯзи ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Бо ба сари қудрат омадани Президенти маҳбуби Ҷумҳурӣ Истиқлолият маънои аслии худро аз нав пайдо намуда, Тоҷикистон Тоҷикистони дигар шуд, пешравиҳо дар ҷомеаи тоҷик дида шуда, он ҳамчун кишвари рӯ ба рушду тараққӣ шинохта шуд. Бо ҷоннисориҳо ва заҳматҳои зиёди Пешвои сулҳовару ваҳдатофари тоҷикон сулҳу оромӣ барқарор гардида, халқ ба ваҳату ягонагӣ расиданд ва ана дар ҳаминҷо ваъдаи “Ман ба Шумо сулҳ меорам” ба исбот расид. Корнамоиву ҷониссориҳои Президенти кишварамон бебаҳову васфнопазиранд. Пас бо миннатдории бепоён, бо шукргузории фаровон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику муборакбод гуфта, таманно менамоям, ки ҳама ҷонфидоиву ғамхориҳои Пешвои миллатамонро беҷавоб намонда, ҳар яки мо бо дарки бузурги масъулияти шаҳрвандӣ дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва ободию пешрафти кишвари азизамон бетараф набошем!

Моҳинави Қурбонмад, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg