БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАКОРӢ НАТИҶАИ ДИЛХОҲ МЕДИҲАД

АНДЕША. Оламе, ки мо дар он ҳаёт ба сар мебарем, барои мо тамоми шароит ва имкониятҳоро фароҳам овардааст. Барои инсоният, замин боду ҳаво, дарёву ҷуйёҳо, ҳайвонҳои хонагӣ, паранда ва ҳатто занбурҳо маводи ғизоиро омода месозанд. Мо инсонҳо вазифадорем, ки бо дарназардошти ҳамасола зиёд шуданамон ин неъматҳоро сарфакорона истифода мебарем.

Агар мо ҳатто вақти худро сарфакорона истифода набарем зиндагии худро пеш бурда наметавонем. Моро зарур аст, ки аз истифодаи оддатирин амал ба сарфакорию сариштакорӣ худро мутобиқ намоем.

Бубинед, ки бо афзоиши аҳолӣ дастрасӣ ба оби нӯшокӣ дар баъзан мамлакатҳо душвор гардидааст. Созмони Миллали Муттаҳид дар маҷлисҳои худ масъалаҳои глобалиро мавриди баррассӣ қарор дода, ба аҳолии башар пешниҳод менамояд, ки ҷиҳати сарфакорона истифодабарии маводҳои ғизоӣ, об, ҳайвонону наботот тадбирҳо андешанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ дар минбари Созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати самаранок ва сарфакоронаи истифодаи оби нӯшокӣ баромад ва  пешниҳод намудааст. Бояд қайд намоем, ки мо дар соли 2007-ум Қоноуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намекардем, то ҳол зиёдаравӣ дар ҷамъитӣ мо таъсирашро мерасонид.  Аз ин лиҳоз ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки сарфакориро сармашқи кори худ намуда, ба дигарон низ моҳият ва манфиати онро фаҳмонад.

 

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg