БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТИ КОМИЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

Маҳбуби ҷаҳониву ҳабиби Ватанӣ,

Бар ҷумлаи дардҳо табиби Ватанӣ,

Гуфтӣ, ки ман аз баҳри Ватан мемирам,

Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби Ватанӣ!!!

АНДЕША. Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти кишвари азизамон дурнамои хеле устуворро пиёда мекунанд, ки ин аз сиёсати оқилона ва ҳадафсари он дарак медиҳад. Се стратегияи муваффақи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ба мардуми тоҷик зиндагии шоистаро барои садсолаҳо фароҳам меовард.

Солҳои 90-уми асри гузашта бо амри тақдир ба таърих абармарде ба саҳнаи сиёсат ворид гардид, ки ин миссияи таърихӣ, яъне наҷоту эҳёи давлати тоҷикро ба душ гирифт. Ин абармарди сиёсат шахси таърихӣ, ки имрӯзҳо ӯро тоҷику тоҷикистониён ва тамоми ҷаҳониён ҳамчун марди сулҳофар мешиносанду эҳтиромаш мекунанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон пас аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки нерӯҳои мухталифи сиёсиро бо роҳи гуфтушунид ба созиш орад  ваҳдати миллиро таъмин намояд.

Таҷрибаи минбаъдаи сиёсӣ собит намуд, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадор ва ходими давлатӣ, ки нисбат ба дигарон дарду муаммоҳои мардумро бештару хубтар эҳсос менамояд ва медонад, дар барқарор намудани сулҳу субот, давлату давлатдории миллии тоҷикон, таъмини якпорчагии давлат нақши ҳалкунанда бозид. Муҳимтарин  натиҷабардории кори  иҷлосия он буд, ки  он дар шуури  фардӣ ва ҷамъиятӣ дарки зарурати пешгирии садамаи пурдаҳшати сиёсӣ ва таҳдиди аз байн рафтани давлати тоҷиконро ҷойгузин намуд.

Дар ин иҷлосияи таърихию тақдирсоз фарзанди фарзонаву сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон – дар рӯзи нахустини қадам ба арсаи роҳбарии давлат ниҳодан ба мардуми тоҷик бо суханони фаромӯшнашаванда муроҷиат намуда буданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам. То он даме, ки дар хориҷи кишвар як нафар тоҷики гуреза боқӣ мемонад, ман ором буда наметавонам». Ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки Сарвари ҷавони Тоҷикистони навин  ба ин ваъдаи хеш  ҷавонмардона вафо намуданд.

Корнамоиву ҷасорати хосаи Президенти маҳбуби кишвар дар роҳи сохтмони банду басти давлати Тоҷикистон , фароҳам овардани сулҳу суботи комил ва якпорчагии  Ваҳдати миллӣ, беҳдошти вазъи сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёт ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлол, ривоҷу равнақи тамаддуни имрӯзаи тоҷикон, сохтмонҳои азим ва иншоотҳои пуриқтидори  саноативу энергетикӣ чеҳраи Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати шахсияти нерӯманд дар майдони сиёсат ва маънавияти миллат намудор намуд.  

Ҳасанова Н., муовини раис, мудири шуъбаи ташкилӣ  ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар н.Панҷ     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg