БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ МО - ИФТИХОРИ МО!

АНДЕША. Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аввал Роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд.  Ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардид, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати  тоҷик таҳдид мекард.

Пешвои миллат бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату  ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан баргардонд.

Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус  ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шудаанд. Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи тоҷик ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сарвари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Бузургтарин дастоварди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.

Ҳамчу модар, собиқадори ҳизб Рӯзи Президентро ба ҳама табрику таҳният гуфта, дуогӯи он ҳастем, ки як умр саробони миллат бошанд.

          Кӯлоби азиз  басо азизон дорад,

         Аҳли  сухану садру бузургон дорад.

         Монандаи хуршед ба болои сараш,

         Шукрона, ки Эмомалӣ Раҳмон дорад.

То абад зиндаву поянда бод, Тоҷикистони азиз зери сиёсати сулҳпарваронаи Шумо, Пешвои миллат!

Валиева Саъбагул,  узви Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg