БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ ВА ҶОНФИДОИ МАРДУМ

АНДЕША. Дар набарди зиндагӣ ба хотири осудагии мардум, ободии Ватан   шӯъла задану афрӯхтан, мардонавор паси сар кардани сахтиву душвориҳо шарафи бузургест, ки на ҳар кас зарфияти таҳаммули онро дорад.

Ба хости Худованди корсоз ва бахти миллати тоҷик чунин шахсияти камназир дар як давраи ҳассоси  таърихӣ сари кор омаду аз баракати мақдамаш неъмату нуру зиё ва сулҳу сафо ба диёри мо омад.

Маҳз матонату ҷасорати фарзанди фарзонаи миллат, сарвари оқилу хирадманд, Пешвои миллат аст, ки имрўз мо – сокинони касбу кори гуногуни Тоҷикистони азиз дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он рӯзҳои сахту душвор  нақшбанди  озодӣ, ягонагӣ, оромиш, ҳамсадоиву ҳамнавоз ва сафҳаи тозатарини  тақдири миллати мост. Оини  муҳаббату садоқати халқи тоҷик нав нест, балки мероси зеҳнии ниёгони мост, ки ҳамеша хирадро омили ягонаи созиш ва эҳёгарb дониставу ба он такя намудаанд.

Сукути шӯравии абарrудрат, дастёбӣ ба ормони  ҳазорсола- истиrлолияти миллӣ, рeйи саҳна омадани  ашхосу гурeҳҳои  мансабталошу манфиатҷeй ва ниҳоят бо дахолати  бегонагон ба гирдоби xанги шаҳрвандӣ кашида шудани  Тоxикистон.

Маҳз, фарзонафарзанди тоҷик ба ҳайси Раиси Шӯро аз миёни нобасомониҳои  xанги шаҳрвандӣ ба муроди он бархост, ки  мардуми парокандаи Тоxикистонро аз нав xамъ созад, дар кишвари валангоргардидаи мо аз нав сулҳу ваҳдатро  таъмин намуд, дар замири ҳар як тоҷикистонӣ тухми умеду бавариро сабзонид.

Раванди минбаъдаи  ҳаёти Тоxикистони соҳибистиrлол  собит намуд, ки  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ормонҳои  халr аст. Мо шоҳиди онем, ки  таҳти сарварии Раиси Шӯрои мазкур-Тоxикистони дар гирдоби  кашмокашиҳои дохилӣ rарор дошта, ба соҳили мурод расид. Тай кардани ин марҳилаи сангин осон набуд ва паси сар кардани он маънии амалӣ гаштани наrшаҳои наздиктарини  ваҳдатро дошт.

Ин дастоварди бузург, дигаргуниҳои куллиро дар шуури xомеа ба вуxуд овард. Ба ҳамин маънӣ Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ тавонист мавrеъ ва  обрeи  устуворро дар миёни халr соҳиб намуд.

Нуқтаи бисёр муҳим дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи занон мебошад. Ин дастгирӣ танҳо дар сухан ва коғаз нест ва мо занон инро бевосита дарк мекунем.

Зеро маҳз Пешвои миллат занонро пуштибонӣ мекунед ва барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ҳам заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳам иҷтимоӣ созмон доданд. Имрӯз мактаби захираҳои кадрӣ барои бонувон имконияти воқеӣ барои интихоб ва таъин шуданро ба вуҷуд овардааст.

Ҳамватанони азиз, мо занону бонувон ҳамеша дар татбиқи идеяҳои бузурги низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат барои саодати миллат, пешрафти Ватан, зиндагии шоистаи мардум ва таҳкими пояҳои давлат нигаронида шудаанд, ҳамеша саҳмгузор хоҳем буд.

Абдуллозода Саёҳат,  муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg