БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ХУСУСӢ”

КӮЛОБ. Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чорабиниҳои гуногуни илмию сиёсӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст.

Ин навбат бо иштироки роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи тиббии хусусӣ” Муҳаммадзоир Рабиев дар ташкилоти мазкур бахшида ба ин санаи муҳиму таърихӣ вохӯрӣ доир гардид.

Дар аснои вохӯрӣ зикр гардид, ки воқеан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дили мардум бо кору пайкори созандааш, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси  бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон байни мардум маълуму машҳур шуд. Аз ин хотир ҳар яки моро зарур аст, ба қадри ин ҳама меҳнату заҳматҳои Пешвои миллат бирасем ва ҳар зарра обу хоки  сарзамини аҷдодиамонро муқаддас бишморем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg