КӮЛОБ. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби Президентӣ” чорабинии сиёсӣ - фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз Саймумин, роҳбари ташкилоти ибтидоӣ Нуриддинзода Сайҷамолиддин ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар аснои вохӯрӣ зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамаи он монеаҳо ва қуллаҳои баланде, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон фатҳ намуд, маҳз бо азму талошҳои созанда ва иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардиданд.