БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТ - КАФИЛИ СУЛҲ ДАР ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар мамлакат ҳамасола 16 - уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Мақсад аз рӯзи ид муқаррар кардани рӯзи 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, шахсиятҳои таърихиву барҷаста ва номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу душвор ба арсаи сиёсат омада, сулҳу осоиштагӣ дар роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқил ва фозилу хирадмандест, ки давлатро аз вартаи нестшавӣ наҷот дода, мардумро атрофи худашон муттаҳид сохтанд, дар қалби мардум шӯълаи умедро фурӯзон ва бо қадамҳои устувор ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагӣ барои мардуми кишвар, ташаббускорӣ ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро натанҳо сокинони кишвар, балки ҷаҳониён низ эътироф намудаанд, ки ин далели бебаҳс буда, ба тасдиқу исботаш зарурат нест.

Арҷ гузоштан ба таърих ва хизматҳои шоистаи фарзандони фарзонаи миллат василаи боэътимоди ташаккули ҳуввият ва ифтихори миллӣ буда, насли ҷавонро барои шинохти арзишҳои муҳими давлатдорӣ роҳнамоӣ намуда метавонад. Имрӯз ҳамаи мо сидқан эътироф менамоем, ки мактаби ватандории Президенти мамлакат, мактаби тарбияи насли худшиносу худогоҳ буда, дар раҳнамоии ҷомеа ба сӯи ояндаи нек нақши муҳим дорад.

Президенти кишвар муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ буда, дар симои ӯ ҷаҳониён тоҷику Тоҷикистонро шинохтаанд. Дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, мустаҳкам намудани мавқеи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ натиҷаи татбиқи сиёсати дурандешонае мебошад, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ин солҳо амалӣ намудаанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон қайд намудаанд, ки “Ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу неруи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам.

Ман ҳамаи шумо – халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиқона хизмат мекунам.”

Бигзор, таҳти сарварии Пешвои Муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хуршеди Истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бахту саодат ба сари Тоҷикистон ва ҳар як хонадони мардуми шарафманди он то абад нурафшон бошад.

Ҷашни «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муборак!

Зоиров С.,  муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg