БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва коста шудани ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як муддат ба кишвари мо вазъи нохуб ва низои дохилиро ба бор овард, ки ба қишрҳои ҷомеа хисороти зиёд расид. Аксарияти ҳамватанони мо аз манзилҳои истиқоматӣ  маҳрум гардида, қисми зиёдашон қурбони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳазорон тифлакони маъсум ятим гаштанд. Ин ҳодисаи даҳшатбор дар саҳифаи фаромӯшнашавандаи  таърихи миллати тоҷик сабт шудааст.

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, чунки ин рӯйдоди таърихӣ дар саросари мамлакат гардиши куллиеро ба вуҷуд овард ва маҳз дар Иҷлосияи тақдирсози мазкур Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд.

Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ҳисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории бардавоми давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмиллалии Тоҷикистон мебошад.Ин аст, ки мардуми сарбаланди кишвар имрӯзҳо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро дастгирӣ менамоянд, зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Дар ҳақиқат Пешвои тоҷикони тамоми ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳ бо тамоми қувваҳо мубориза намуда, дар саросари мамлакат сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро пойдор намуд ва имрӯзҳо сулҳи саросарии тоҷикон вирди забони ҳамагон ва сиёсати сулҳпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи ҷаҳониён гаштааст.

Сабоҳат Салимова,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар н.Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg