ШАҲРИТУС. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии “РАСИН” бо иштироки роҳбар ва кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси тантанавӣ вобаста ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар маҷлис, дар бораи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 – ноябр рӯзи савгандёдкунии нахустини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ин хотир ин сана ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоб гардид, андешаронӣ карда шуд. Инчунин, намояндагони ҳизби оид ба ин рӯзи таърихӣ чун таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созандагию ободкорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тавсеа бахшидани анъанаҳои миллӣ сухан гуфта, иштирокдоронро ба ин санаи таърихӣ муборакбод гуфтанд.