БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТ- КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОР ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТА

АНДЕША. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар асл мардуми шарифи Тоҷикистон 16-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихӣ шахсияти арзанда ва нафаре, ки дар асл миллатро ба саодати хеле баланд расонид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҳамчун роҳбари мамлакат интихоб карданд. Баробари интихоб гардидан роҳбари мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар ин иҷлосия қавл доданд, ки ман ба мардуми Тоҷикистон сулҳ меоварам ва ба қавли додаашон устувор монданд. Тавре, ки мардуми кишвар медонанд, дар фазои сулҳу осоиш кору пайкор доранд. Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба хизмати фарзанди фарзонаи миллат, Президенти мардумии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузошта, дар партави сиёсати сулҳпарварона ва маънавибунёди Пешвои миллат муттаҳид ҳастанд ва баҳри рушди Ватани азизамон бо меҳнати шоиста саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки мақсади ҷашн гирифтани имрӯз, яъне 16-уми ноябр дар он аст, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибистиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст. Минбаъд дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар бахшида ба Рӯзи Президент чорабиниҳои фарҳангию тантанавӣ баргузор гардида, сокинони кишвари азизамон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати ваҳдатофари роҳбари хирадманду сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо азму ирода ва эътиқоду боварии комил ба фардои дурахшон фаъолият намуда, барои ободию оромӣ ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар вақта бештар саъю талош меварзанд.

“Рӯзи Президент” муборак,  ҳамдиёрони азиз!

Сайфулоев Раҳмиддин,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg