Н.ХУСРАВ. Дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳамоии ҳизбӣ дар мавзӯи “ Соҳибдавлатӣ аз файзи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст” баргузор гардид.
Дар баргузории ҳамоиш масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, дар бораи нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар ҳама давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷаъмиятӣ вобастагӣ дорад. Дар раванди баргузории иҷлосия аз 23 масъалаҳои муҳими рӯз, яке аз онҳо интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Хушбахтона ба бахти мо мллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат омад, ки таъмини сулҳу субот, ба ҳам овардани миллат яке аз ҳадафҳои олии ин шахси бузурги миллат буд. Бо ташааббус ва ибтикор Роҳбари нави давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора оғоз гардида, 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул грдид. Ҳамаи он дастовардҳое, ки дар давоми 27 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардид, натиҷаи сиёсати хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва хираду заковати азалии миллати тоҷик аст.