ДӮСТӣ. Бо иштироки аъзои комиҷроияи ноҳияивӣ, раисони маҳаллаҳо ва дигар ҷонибдорони ҳизб маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид. Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одиназода Ҳуснигул оғоз намуда, ба баррасии масъалаҳои рӯзнома гузашт. Оид ба масъалаи якум аъзои комиссияи ноҳиявӣ раиси раиси ноҳияи Дӯстӣ ба ҳайси аъзои Раёсат қабул гардид.
Аз рӯи масъалаи дуюм вобаста ба таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб ва самтҳои афзалиятноки он расонидани муҳтавои суханрониҳои Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишрҳои гуногуни ҷомеа, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масоили мубрам, ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ тасдиқ гардида, раисони ҷамоатҳои шахраку деҳот ва раисони маҳаллаҳо барои гузаронидани чорабиниҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ вазифадор карда шуданд.
Роҷеъ ба масъалаи дигари маҷлис иҷроиши Обуна ба нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” ситод ташкил гардида, нақшаи он тасдиқ карда шуда, ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фиристода шуд.