БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕКУНАД БО МЕҲРИ САРВАР ИН САРЗАМИН БӮИ БИҲИШТ..

АНДЕША. Таърих гувоҳ аст, муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Пешвои маҳбуби миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро имрӯз ҳама он дастоварду пешравиҳое, ки мо мебинем, аз хизматҳои шоёни ин шахсияти фидокор мебошад. Мо ҷавонони соҳибистиқлол он давраҳои мудҳишро бо чашми сар надидаем аммо аз наворҳои телевизионӣ  ҳамаи заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллатро баҳри барқарор намудани давлати биҳиштосо тамошо карда, шоҳиди он гаштаем, ки чӣ гуна Сарвари давлат барои миллати хеш ҷони худро дар хатар гузоштааст. Пешвои миллат дар солҳои аввали ба сари қудрат омаданашон гуфта буданд: “То ки бошам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам” ва ин гуфтаҳои Пешвои миллат чихеле, ки ҳамаи мо медонем, сад дар сад дар амал татбиқ гардид.

Дар умум бояд зикр кард, ки хизматҳои Президенти кишвар назди миллатамон хеле бузург аст, зеро ин шахсияти оқилу доно на сар гуфт, на тан гуфт, на по гуфт, на ҷон гуфт танҳо ва танҳо Ватан гуфту халқам гуфт ва бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки ҳамеша қадрдонии онро намоем, ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасем. Ба қадри ин Ватани маҳбубу дилнишин бирасем, зеро, ки мекунад бо меҳри Сарвар ин сарзамин бӯи биҳишт.

Шукри Истиқлолу сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод менамоям ва ба ҳамаи шумо саломатӣ, умри дароз ва сулҳу амонӣ, якдифарфаҳмӣ ва осмони софро таманно дорам. Бигзор сулҳу суботи Тоҷикистони биҳиштосо бо Пешвои маҳбуби миллат то абад пойдор бошад.

Мирзоева Гулрухсор,  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg