БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

16-НОЯБР РӮЗИ ТАҚДИРСОЗУ МУАЙЯНКУНАНДАИ РУШДИ МИНБАЪДАИ БОМАРОМИ ТОҶИКИСТОН!

ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ доир намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ» бо иштироки кормандони соҳаи тиб маҷлиси тантанавӣ баргузор намуд.

Дар маҷлис вобаста ба ин мавзӯъ мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроия Суҳроб Валиев, сардухтури беморхонаи марказӣ Ғафуров Дилшод, табиби беморхона Раҳимов Беҳрӯз ва коргузор Воҳидова Меҳрангез иштирок ва суханронӣ намуданд.
Суҳроб Валиев зимни баромади хеш қайд намуд, ки халқи Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада, барои халқ дар шароити ҳассос фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта тавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ ҳамеша бо ҳақталошӣ, ростгӯӣ, серталабӣ ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шӯрои олӣ нақши назаррас мебозид ва интихоби ӯ ба мақоми олии Сарвари давлат натиҷаи мантиқии фаъолияти ҷамъиятии худи ӯ буд. Дар суханронии аввалини худ Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: «...Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем...». Ин садоқату самимият, ки аз суханҳои ӯ бармехест, дар дили мардум тухми умед ва боварӣ ба фардоро пошид.            

Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg