БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ - КОРИ ДАСТАҶАМЪОНА

АНДЕША. Чуноне дар Паёми Прзеиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 22.12.2017) омадааст: Соли 2017 аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ нисбат ба соли 2016 зиёд шудааст. Ин бонги изтиробу ташвиш ҳар яке моро водор месозад коррупсияро ҳамчун падидаи номатлуб шиносем ва хатари онро ба амнияту истиқлолияти давлатӣ бештар дарк намуда, ҷиҳати муборизаи беамон ба муқобили он якдилу якмаром бошем.

Коррупсия ба мисли таърих хеле қадима буда, дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа мегардад, оромиву суботро халалдор сохта, боварии мардумро ба мақомотҳои давлатӣ коста мегардонад.

Тибқи сарчашмаи луғавӣ истилоҳи коррупсия (corruptio) дар тарҷума аз забони лотинӣ маънои; вайронкунӣ, паст рафтан, моилшавӣ бо ришваро дорад. Имрӯз низ коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амниятиӣ миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Метавон гуфт, ки мавҷудияти ин амали номатлуб ҳам ҷанбаи манфии маънавӣ, ҳам ҳуқуқию сиёсӣ ва ҳам амниятӣ дорад. Аз ин рӯ мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балкӣ ҷомеа ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дониста мешаванд.

Иботов Диловар, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg