БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОФАРИН БАР МОДАРЕ ЭМОМАЛИРО ЗОД Ӯ ...

АНДЕША.  Хоб буд ва ё хаёл. На хоб буд ва на хаёл. Ҳақиқате, ки номаш дар саҳифаи таърих бо хати ботил навишта хоҳад шуд. Даҳшат буд ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш. Замоне осмони офтоби софу беғубори Ватани азизамонро абрҳои сиёҳи тираву тор чун торҳои анкабуд печонда, ба сари мардуми осудаҳол борони ғаму кулфат рехт. Аждаҳои ҷанг хушку тарро ба комаш фурӯ мебурд. Мардум аз талвосаи ҷанг фирорӣ гашта буд, қисме ба мулки афғон, қисми дигаре ҳаросон аз бародари ҳамхуну ҳамҷон ба дашту саҳро ба кӯҳу биёбон паноҳ мебурд. Ҳатто модаре тифли дар гавҳора будаи хешро фаромӯш карда, гурехт аз тарси ҷон. Деҳаҳо хомӯш чун водии " Хомӯшон". Дигар садои аллаи модар ба гӯш намерасид. " Гавҳораи сабзи малакутӣ" сӯхт мушти хокистар шуд. Дигар аз деҳаҳо бӯи чапотӣ ба машом намерасид. Чодари арӯс ноканда аз девор, ҷомаи домоди дар мех ҳайрон, соҳиби ҷома гумном бе ному нишон. Нолаи ҷонгудози модари фарзандгумкарда, шавҳаргумкарда ба фалак мепечид, вале сад афсӯс ба гӯши ҷангҷӯёну бадхоҳони миллат намерасид. Аҳримани гурусначашм гулӯгир мекард ҳама хурду калон пиру ҷавонро. Ҳукумат пароканда, мардум бепушту паноҳ бесаробон. Ана дар чунин рӯзҳои сахту сангин мардум ниёз дошт ба як пешво, ба як роҳбари дилсӯз, ғамхору меҳрубон. Раҳми Парвардигор омад.Иҷлосияи XVI- уми  тақдирсоз тақдири миллатро ҳал кард. Ҷавонмарди 40 солае бо гомҳои устувор қадам монд ба арсаи сиёсат. Зери Парчам ба зону зад Парчамро бӯсиду ба дидагонаш молид ва савганд ёд кард. " Ба мардум Сулҳ меорам. То охирон гурезаро ба хоки аҷдодиям бар нагардонам, худро орому осуда ҳис намекунам" Ки буд ӯ? Ин марди некдилу некном ? Фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд. Эмомалие, ки эмонаш комил ва раҳми Парвардигорро дар қалбу дар ҷисму ҷон дорад. Ӯ такя ба хиради азалии миллат кард сулҳро пойбарҷо кард. Сулҳеро , ки ибрати дигар кишварҳо гашт . Ҳамроҳи мардуми ҷафодидааш дар як муддати хеле кӯтоҳ Тоҷикистонро ба гулистон ба боғу бӯстон ба " Чанбули мастон " табдил кард. Ӯ арзанда аст ба ҳама унвонҳо "Қаҳрамони Тоҷикистон" " Пешвои миллат" ва чандин унвонҳои дигару дигар. Биёед, дар атрофи Призиденти худ боз ҳам муттаҳидтар мешавем.

Офарин бар Модаре Эмомалиро зод ӯ,

 Баҳри халқу миллаташ Пешво бахшод ӯ.

Рӯзи Президенти кишвар муборак!

Давлатова Мавлуда, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар н.Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg