БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ...

АНДЕША. Ҳатто дар давлатҳои абарқудрат низ ҳастанд нафароне, ки ниёз ба дастгирӣ доранд. Барои онҳо нафарони сарватманд кумаку ёрӣ мерасонанд. Боз давлатҳое ҳастанд, ки қисми зиёди аҳолиашон ба маводи хӯрокворӣ эҳтиёҷ доранд. Бештари ҳунармандону сарояндагони машҳури ҷаҳонӣ ба он давлатҳо рафта, ба кӯдакону оилаҳои эҳтиёҷманд дасти кумак дароз мекунанд.

Дар кишвари мо низ чунин гурӯҳи ниёзмандон низ мавҷуд мебошанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кории худ дар навбати аввал бо ятимони кулл вохӯрда, ба онҳо либосу маводҳои таълимӣ туҳфа менамоянд, инчунин ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дастур медиҳанд, ки ин иқдоми наҷиби Пешвои миллатро низ аъзои фаъоли ҲХДТ, соҳибкорон ва нафарони саховатпеша дастгирӣ намуда, аз ҳисоби даромади худ ба гурӯҳи ниёзмандон дасти кумак дароз намоянд.

Дар ноҳияи Восеъ гурӯҳи эҳтиёҷмандон низ мавҷуданд, ки бештари онҳо мунтазам зери таваҷҷуҳи хоса қарор доранд. Аз ҷумла соҳибкорону саховатмандон дар арафаи ҷашнҳои сиёсӣ ба эҳтиёҷмандон маводҳои хӯрокворӣ ва маблағ кумак менамоянд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо нафарони саховатманд ҳамкорӣ намуда, амалҳои хайрхоҳонаи онҳоро мунтазам таблиғу ташвиқ менамояд. Ҳарчанд, ки онҳо намехоҳанд, ки кори хайрашон намоиш дода шавад. Бо мақсади таблиғи кори хайр ва дигаронро ба ин амал ҷалб намудан маводҳои зарурӣ дар сафҳаи иттилоотии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия фейсбук гузошта мешавад.

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ин нишонаи ҷавонмардии ҳар як нафарро нишон медиҳад.   

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg