БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ РӮЗИ ЁДОВАРИРО МАРДУМ ПАЗИРОӢ МЕКУНАД

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои бонуфуз маҳсуб меёбад. Ин ҳизби сиёсӣ дар фаъолияти худ собит намуд, ки барои рушду ободии кишвар талош менамояд. Аъзову ҷонибдорони  ҲХДТ бештар буда, барои иҷрои талаботи барнома ва мақсадҳои ҳизб талош меварзанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси талаботи барнома ва нақшаҳои кории худ ҷиҳати иҷрои корҳои амалию созандагӣ як қатор корҳоро ба иҷро мерасонад.

Яке аз Аксияҳои ҳизбӣ бо номи “Аксияи Рӯзи ёдоварӣ”  дар деҳаву маҳаллаҳо дар ҳамкории шуъбаву бахшҳои дахлдори ноҳиявӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Аксияи "Рӯзи ёдоварӣ" дар оромгоҳҳо бо ҷалби аҳолии маҳал ташкил гардида, корҳои ободонӣ, аз қабилӣ тоза намудани алафҳои бегона, нарм намудани бехи  ниҳолу дарахтон, панҷарабандию девор гирифтани атрофи оромгоҳҳо ба мазкур шахсони собиқадору заҳматкашида изҳори сипос баён намуда, онро ба манфиати мардум унвон мекунанд. Ба гуфтаи онҳо мардуми маҳал танҳо дар рӯзҳои ид аз вазъи оромгоҳҳо бохабар мегардиданд. Дар натиҷаи гузаронидани аксияи ҳизбӣ насли наврасу ҷавонон ибрат гирифта ин иқдоми ободкоронаро дар оянда низ такрор хоҳанд кард.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg