БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МО ИФТИХОРИ МОСТ!

ВОСЕЪ. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ  чорабиниҳои тантанавӣ, конференсияҳо ва вохӯриву мулоқотҳо бо маром идома доранд. Ин навбат дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Пешвои мо ифтихори мост!” баргузор гардид.

Зимни баргузории аксияи мазкур масъулини ҳизбӣ сокинонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз ҷашнҳои таърихӣ ба шумор меравад, табрику муборакбод намуда, қайд карданд, ки шукри ваҳдат, шукри сулҳу амонӣ ва шукри Сарвари хирадманд мекунем, ки Худованд ба мо ато намудааст. Ҳар яки моро зарур аст, ки ин неъматҳоро ҳифз намоему барои пойдороии онҳо лозим ояд ба монанди Пешвои маҳбуб ҷони худро нисор мекунем.

Бояд қайд намоем, ки дар ин рӯз аз ҷониби аъзони намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба зиёда 550 нафар сокинон варақаҳои табрикотӣ ва таблиғотӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg