ВОСЕЪ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Литсейи давлатии №1”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни суҳбат бо хонандагон масъулини ҳизбӣ оиди Иҷлосияи 16-ум- санаи тақдирсоз ва заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуда, қайд карданд, ки заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат агар соатҳо суҳбат кунем ҳам кам аст. Барои осудагии халқи тоҷик, барои ояндаи дурахшони насли наврас ва зиндагии шоистаи мардуми кӯҳанбунёд талошҳои зиёде кардаанд, ки мислашро таърих ёд надорад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои маҳбуби ҳамагон ҳамаи ҷавононро лозим аст, ки хубу аъло таҳсил намуда, баҳри ободӣ, сарсабзӣ ва шукуфоии диёри хеш саҳми худро гузоранд.