ВАХШ. Дар доираи нақша -чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, тибқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва иҷроиши бандҳои нақшаи кории шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Пешвои мо-ифтихори мо!” доир карда шуд.
Аксияи мазкур дар маркази ноҳия бо иштироки фаъолонаи аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтиёрони назди Кумитаи иҷроияи ноҳивии ҳизб дар байни ҷавонон ва сокинон гузаронида шуда, ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ бо расмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд.