ВАХШ. Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ, солимгардонии ҷомеа, истиқболи шоиста аз “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дирӯз мусобиқаи волейбол дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш баргузор карда шуд.
Дар мусобиқаи мазкур хонандагони синфҳои болоӣ иштироки фаъолона дошта, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу амонии кишвар, шароити хуби таҳсил байни ҳам қувваозмоӣ карда, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.