БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ПРЕЗИДЕНТИ ХУД ИФТИХОР ДОРЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” маҳфили адабӣ зери унвони “Бо Президенти худ ифтихор дорем!” баргузор гардид.

Зимни баргузории маҳфили адабӣ  хонандагону толибилмони ин боргоҳи илму маърифат аз корнамоиву ҷоннисориҳои Пешвои маҳбуби миллат, Раиси  муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ёдовар шуда, дар васфаш шеъру суханҳо қироат намуданд.

Инчунин, дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок дошта, дар бораи хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ сухан гуфта, хонандагонро барои  аз бар кардани  илму техникаи муосир ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg