АНДЕША. Таърих гувоҳ аст ва собит намудааст, ки танҳо он халқу кишваре аз нестиву аз фалокатҳо метавонад халосӣ ёбад, Пешвои худро дошта бошад. Танҳо пешвои наҷиб метавонад, миллатро ба пирӯзиҳо расонад. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки агарчи бо парокандашавии давлати абарқудрати шӯравӣ Худованд ба миллати тоҷик соҳибистиқлолиро арзонӣ дошт, вале сад афсӯс, ки душманону бадхоҳони миллат пойдории онро бароямон тавассути ҷанги бемаънию бародаркуш хело гарон сохтанд.
Он лаҳзае, ки бо садоқату муҳаббати баланд парчами миллиро ба чашм мемолиду мебӯсид. Чи қадар пурэҳсосу пурҳаяҷон буданд он лаҳзаҳо. Дар он лаҳзаҳои тақдирсоз ҳар сухане, ки аз забони ӯ садо медод, чун савганд ба миллату Ватан қабул мешуд. Ин суханон чунон самимона, ватандӯстона ва бо қатъият гуфта шудаанд, ки дар онҳо ормон, орзу, нанг, номус, шаъну шарафи ватандорӣ тоҷик таҷҷасум ёфта буданд. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣи-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ 27-июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид.
Танҳо баъди ҳамин қарори қатъӣ кишвари мо аз вартаи ҳалокат наҷот ёфта, хатари аз байн рафтани миллат бартараф гардида, ҳаёти осоишта ва хушу хуррамонаи шаҳрвандон таъмин ва Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ноил шудан ба ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи комил дар кишвар ба осонӣ муяссар нашудааст. Аз ин рӯ вазифаи ҳамешагии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз он иборат аст, ки сулҳу амният ва оромию суботи Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз намуд. Воқеан, Пешвое, ки дирӯз зидди аз туфони нобудӣ ба соҳили амн баровард, имрӯз бо ваҳдату ҳамдилии тоҷик ва бо сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи худ барои ин сарзамин садди маҳкаме сохтааст, ки раҳнамопазир аст. Имрӯз ман бо боварӣ мегӯям, ки он нафар Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Муҳимият дар он аст, ки мо ҷавонон бояд заҳматҳои пурсамари Сарварамонро қадр намоем. Зеро маҳз бо шарофати сиёсати мувафақонаи Пешвои муаззам Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонии Тоҷикистон ва азму ҷасорати қавӣ, талошҳои пайвастаи Сарварамон дар роҳи сулҳу осоиш, ободиву шукуфоии Ватан, арҷгузорӣ ба таърихи ғании миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинона ва хайрхоҳонаи ӯ насибамон гашт.
В. Абдуллоев, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён