БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои миллат,

Раҳҷӯи бахти халқӣ, эй раҳкушои миллат.

Достони сулҳу Ваҳдат бо хуни дил навиштӣ, 

Аз хишти ҷисму ҷонат кардӣ бинои миллат.

АНДЕША. Таронаи ваҳдат аз диёри домани гардун ва аз қалби кӯҳҳои сар ба фалаккашида танинандоз мегардад. Ин таронаи ҷовидонӣ бо оҳанги диловези мусиқии бадахшонӣ ҷӯр гашта, ҳамнавои обшорон мешавад. Сар ба сангҳо зада, аз диёри обҳои зулол ба теғаҳои осмонбӯс пар мекашад. Дар ин диёри афсонаҳо, ман ҳоло ҳам замзамаи ваҳдатро мебинам ва ҳаётам аз ҳар сангу дара ва кӯҳдоману фарозҳои нозанин мусиқии мардуми Бадахшон ба гӯш мерасад. Ин ҷо хаёле кӯҳҳо ба сукут рафтаанд ва абрпораҳое, ки болотар шино доштанд, поён гашта, аз лабони зартеғ бӯса меситонанд. Ин кӯҳҳои пурганҷ то ҳол қиссаи омадани пайки ваҳдатро дар хотир доранд. Онҳо чун шоҳидони безабони асрори гузашта айёми талху шӯреро, ки мардум аз тарсу ҳарос дар шонаи ана ҳамин кӯҳсорон паноҳ мебурд, дар хотир доранд.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ пайванди ҳамдигаранд.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як лаҳзаи ҳассоси таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад.

Дар баробари ин, Қасри Арбоб ҳамчун макони баргузории ҷаласа ва арзи вуҷуд намудани ғояи аз парокандагӣ боз доштани миллат  ва фаъол гаштани нерӯи азалии сулҳофари тоҷик абадан дар таърихи инсоният номнавис шуд.

Рисолати таърихии иҷлосияи мазкур дар ин аст, ки тақсимшавии миллатро пешгирӣ намуда, тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию маънавӣ баровардани кишвар пешниҳод кард.

Ин ҳама созандагиву бунёдкорӣ маҳз ба дастгириву кӯшишҳои заҳматқарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мардуми азиятдидаву паруболшикастаи тоҷик ба даст омадааст. Пас аз ба сари қудрат омадани ин абармарди Худодод, Тоҷикистон ба гулгулшукуфоиву бунёдкорӣ  ва созандагӣ рӯ ниҳод, яъне Тоҷикистон рӯ ба ободӣ намуд.  Пешвои муаззами миллат дар он рӯзҳои даҳшату вазнини мамлакат ҷон дар кафи даст гирифту мардуми гурезаву пароканда ва ғарибу дур аз ёру Ватан, дур аз модару фарзандро ҷамъ намуду ба як миллати муттаҳид ва созанда оварда расонд.

Мо ҷавонон, аз партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат пайравӣ намуда, баҳри созандагиву бунёдкории ин кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро мегузорем. Ин ҳама ғамхориву заҳматҳои Пешвои миллат мебошад, ки мо насли ҷавони миллат метавонем, ки озодона кору фаъолият ва таҳсил намоем.

Грантҳои Президентӣ, Квотаи Президентӣ ва стипендияҳои Президентӣ ин ҳама барои мо ҷавонон мебошад.

Бояд шукрона аз он кард, ки дар чунин давлати соҳибистиқлолу соҳиби чунин Пешво умр ба сар бурда истодаем.

Шукри Истиқлолу Сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.

Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,

Шукри хонаву бому дар мекунем.

Бунафшаи Нусратулло, аъзои фаъоли ҲХДТ, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Кӯшониён 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg