АНДЕША. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ҷавонон, дар умум барои миллати тоҷик мояи ифтихору сарфарозӣ аст. Чунки маҳз дар ин рӯз фаъолияту талошҳои Президент ва дастоварду муваффақияти корашон таҳлил ва баррасӣ карда мешавад. Аз ҷониби дигар, таҷлили Рӯзи Президент - ин арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки умри хешро сарфи роҳи ободиву осудагии Ватан ва хушбахтии миллат намудаанд.
Мактаби сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин аст, ки кулли бошандагони Тоҷикистон ва ҷаҳонро давра ба давра дарси садоқату мактаби мардонагӣ омӯхта, ҳамчунин омили муҳиме дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад:
Баъди Иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992), ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, барои миллати тоҷик таъин шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин интихоб буд, ки имрӯз миллат ба тамоми орзуву омолаш расид ва муҳим аз ҳама, сулҳу ваҳдат ба даст омад ва Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрати баландро касб намудааст.
Боиси зикр аст, ки Президенти кишвар чун дигар сарони давлатҳо на дар кишвари орому мутараққӣ, балки дар як мулки ҷангзадаи хароб, ки касе ҷуръати роҳбарияшро бар душ гирифтан надошт, ба сари қудрат омад ва дар як муддати кӯтоҳ тавонист мардумашро ба сулҳу сарҷамъӣ ва умед ба оянда намудан равона созад.
Далели ин гуфтаҳо ин аст, ки дар аввалин муроҷиатномаи худ ба мардуми кишвар гуфта буданд, ки «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти нек агар лозим шавад, ҷонро фидо мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам боварӣ дорам».
Дар он солҳои пурдаҳшат, ки метавонист аз нангу номуси миллат ҳарф мезад ва ин масъулияти сангинро ки ба душ мегирифт? Албатта аз роҳбарони он вақта нафаре ёфтан душвор буд, ки дар чунин фикрҳо бошанд.
Президенти кишвар бо кордониву заҳматҳои шабонарузӣ ва талошҳои созандаи хеш тавонист ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро ба Ваҳдати миллӣ мубаддал созад. Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, ҳамчун санади тақдирсоз миллати тоҷикро ба шароити сулҳу ваҳдат равона сохт. Ҳар фарди соҳибхирад имрӯз хуб дарк мекунад, ки Тоҷикистони мо тӯли ин солҳо бо роҳбарии Президенти худ дар тараққиёти ҳама соҳаҳо муваффақ гаштааст. Аксари муҳаққиқони илми таъриху сиёсатшиносӣ ба ин назаранд, ки таъмини сулҳу ваҳдат дар кишвар бузургтарин ва бебаҳотарин хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарзамини вайронаеро обод кардан осон аст, аммо мафкураи одамиро, ки дар ҷанг махсусан ҷанги дохилӣ вайрон шудааст, ба низом даровардан ва инсонҳоро ба сӯи росткорӣ ва ояндаи нек ҳидоят намудан бениҳоят кори душвор аст.
Бо ҷоннисориҳои Пешвои миллат ваҳдату оромӣ дар мамлакат таъмин гардида, тақдири ояндаи давлатдории тоҷикон мустаҳкам карда шуд. Агарчанде дар роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллати тоҷик мушкилиҳои зиёде пеш омада буданд, аммо ин марди бузурги таърих тавонист чун сиёсатмадори хирадманду фурӯтан онро бо усули беназир бартараф созад.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор медиҳанд.
Вобаста ба дилсӯзӣ ва талошҳову сулҳхоҳии Президенти кишвар собиқ вазири дифои Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд боре чунин изҳори ақида намуда буд: «Ман имрӯз Роҳбари давлати Шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери борони тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо-афғонҳо дар ин солҳои ҷанг он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштем».
Дар баробари ин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин, собиқ раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Сзян Сзэмин, собиқ президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш, Собиқ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ва дигар шахсиятҳои барҷаста аз ҷасорату мардонагӣ, кордониву хирадмандии Пешвои миллатро эътироф намуданд ва роҳҳои таъмини сулҳу суботи Ҷумҳурии Тоҷикистонро намунаи ибрат барои халқҳои ҷаҳон пешниҳод намудаанд.
Далели ин гуфтаҳо муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 130 кишвари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз ҷониби 160 кишвари сайёра эътирофи расмии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, узвият дар 51 созмони бонуфузи байналхалқию минтақавӣ мебошад.
Сар карда аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Пешвои миллат Асамблеяи генералии СММ 7 қарордод вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намудааст. Ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмуъ рушди устувор, саҳми арзанда гузоштаанд.
Ҷаҳониён кунун мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эътироф намуда, онро дар адабиёти дарсии хеш ҷой додаанд баҳои ин ҳама заҳмату садоқату самимият аз ҷониби Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо сазовори ҷоизаи арҷманди ҷаҳонии «Пешвои асри 21» далели тозатарини ин аст.
Мояи ифтихор ва хушнудист, ки дар остонаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ сурат гирифт ва дар ин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хидматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таъмини сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ бо нахустин Нишони фахрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мукофотонида шуданд.
Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадҳояшон ба ҷавонон эътимод ва боварии худро изҳор медорад. Чуноне қайд намудааст, ки “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд”.
Мо ҷавонон ҷавобан дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳову корнамоиҳои Пешвои муаззами миллати худро ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуда, чун роҳбари шуҳратёри худ ҳамеша пайи ободии Ватани азизи худ камари ҳиммат мебандем. Ва мегӯем, Пешвои миллати азизи мо бо мосту мо бо ӯ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарвариаш сӯйи ояндаи озоду обод ва созандаву арзанда равон аст.
Саидшо Асроров, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон