БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

АНДЕША. Шуруъ аз 16- ноябри соли 2016 ҳамасола ин сана дар қаламрави кишвар ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Вобаста ба ин санаи таърихӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо ва сокинон семинар, мизи мудавар, роҳпаймоӣ ва як қатор чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ доир карда мешавад. Дарвоқеъ, 16-ноябр дар таърихи миллати тоҷик рӯзи пурфайзу фаромӯшнашаванда мебошад, зеро дар рӯзҳое, ки оташи ҷанги таҳмилии байниҳамдигарии тоҷикон дар Тоҷикистон аланга мегирифт, маҳз ҳамин рӯзи соли 1992 дар қасри Арбоби вилояти Суғд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин иҷлосия танҳо як масъалаи асосӣ – фурӯ нишондани ҷанги хонумонсӯз буд, ки хушбахтона, бо интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин вазифаи пурмасъул роҳи ҳалли худро ёфт. Иҷлосия дар тақдири миллат нақше гузошт, ки он бо хатҳои заррин дар китоби таърихи миллат нақш баста, баҳри эҳёи Тоҷикистони куллан дигар заминаи мусоидро фароҳам гузошт. Аз ин рӯ, таҷлил аз Рӯзи Президент маҳз ба хотири қадрдонӣ намудан аз  хизматҳои софдилонаю содиқона ва поквиҷдононаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.

         Дар баробари ин, месазад, ҳар фарди худогоҳ, пиру ҷавони кишвар бо як масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори миллӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намоянд, зеро Президент ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши калидӣ доранд. Бинобар ин, набояд фаромӯш кард, ки дар бунёди эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши арзанда гузошта, бо ақлу заковати азалии худ миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар ҳама бахшҳои давлатдорӣ, рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон хизматҳои бузурги мондагор намудаанд.

 

Худойдод Ёров, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg