БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАСОНИДАНИ КУМАК ОБРӮИ ҲАР ЯК ИНСОНРО БАЛАНД МЕБАРДОРАД

АНДЕША. Баъзан нафарон новобаста ба дороӣ ва вазъияти худ кӯшиш мекунанд, ки ҳамагонро дастгир бошанд. Бо ин мақсади нек амалҳои гуногуни хайриявиро ба иҷро мерасонанду қалби садҳо нафари бечораву нодорро хурсанд мекунанд.  Расонидани кӯмак гуногун пазирифта мешавад. Баъзан нафарон ба муҳтоҷон пул садақа карда,  дили онҳоро шод мегардонанд. Қисме аз ашхос ба камбизоатон маводҳои хӯроквориву моддӣ хайр мекунанд. Боз ҳастанд нафароне, ки дар корҳои вазнини нафарони нодор кумак карда ба онҳо ваъда медиҳанд, ки дар ҳама маврид ҳамчун дӯст ё рафиқ кумак хоҳад кард.

Имрӯз барои тарбияи мардум баъзан сомонаву барномаҳои иҷтимоӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Дар онҳо тарзи расонидани кумакҳо намоиш дода мешавад. Ин амали онҳо ба он хотир аст, ки дар дили корбарони интернет завқи расонидани кумаку дастгирӣ пайдо шуда, амали хайрро мунтазам такрор намоянд.

Мо дар бештари маврид аз овони хӯрдӣ дар хотир дорем, ки нафарони босаховатро ҳама эҳтирому иззаташро ба ҷо меоранд. Касе, ки дасти сахо дораду дар кори хайр бештар саҳм мегираду таърифу таблиғаш доман паҳн мекунад. Инсонҳои бо хайру саховатро дар ҳама ҷо ҳурмат мекунанд. Аз ҷониби дигар мушоҳида мешавад, ки нафарони саховатмандро то чанд даромад ва сарваташон бештар мегардад.

Марди саховатмандро новобаста аз синну солаш обу рӯяш баланд аст. Дар ҳамаи ҷамъомадҳо мардум нисбати корҳои хайраш дуову фотиҳа карда ба волидонаш аҳсан мегӯянд. Чунки аз амали саховатмандон садҳо нафар баҳра мебаранд.   

Сафаралӣ Мирзоев , муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg