БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Шинохту эътирофи шахсиятҳои бузурги таърихӣ танҳо арҷгузорӣ ба корнамоию истеъдоди беназири онҳо набуда, ҳамзамон таҷдиди назари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъриху фарҳанги бою ғании ҳамон миллатест, ки таввассути шахсияти алоҳида рисолати таърихиро дар ягон соҳаи муҳим ба ҷо овардааст.  Бояд таъкид намуд, ки заминаи боэътимоди сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки ҷомеаи тоҷикон зуҳурот доштани Пешво, Раҳнамо ва сарвари хирадмандро тавлид сохт.

Дар ин робита 9-декабри соли 2015 барои миллати тамаддунофари тоҷик ва ҳамаи тоҷикистониён чун санаи таърихӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Дар ин рӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди барӯманди миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман ба мақоми шоистаи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” пазируфтанд, ки ин боиси ифтихори баланду сарфарозии мост.

Гузашти замон собит намуд, ки бузургтарин дастоварди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ин интихоби фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Сарвари давлати тоҷикон аст. Сарвари ҷасуру ҷавони давлат ба қавли ҷавонмардонаи худ содиқ монда, онҳоро дар амал татбиқ намуд ва давлату миллатро аз нестшавию парокандагӣ раҳоӣ бахшид. Се ҳадафи бузург, се мақсади наҷибе, ки дар пешорӯи миллату кишвар истода буданд, яъне истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баромадан ба бунбасти коммуникатсионӣ, ки омилҳои осоиши расидани халқи мо ба пирӯзиҳо буданд, бо талошу кӯшишҳои бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, боиси пешрафту тараққиёти давлати ҷавону соҳибистиқлоли мо гардиданд. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи рӯзҳои Ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамасола 16-ноябр ҳамчун Рӯзи ид- “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ҷашн гирифта мешавад.

Аз ҳамин хотир, аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шумо ва тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо ин рӯзи накӯ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳатию саломатӣ, хонаи обод, барору пешравиҳоро таманно дорам.

М. Шарифзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg