ҶАЙҲУН. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳиявӣ, волонтёрон ва аъзои фаъоли ҲХДТ ҷиҳати тозаю озода намудани маркази ноҳия, гирду атрофи Нишон ва Парчами давлатӣ ва бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои ободонӣ гузаронида шуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки шанбегии мазкур бо ҷалби беш аз 25 нафар баргузор гардида, мақсад аз баргузории аксияи мазкур ин саҳм гузоштан дар ободӣ ва зебогии як гӯшаи диёр мебошад.