АНДЕША. Баъди ҷангҳои таҳмилии шаҳрвандӣ дар шароити баргаштан ба сулҳу суботи сартосарӣ ва оѓози раванди нави давлатсозӣ дар Тоҷикистон идоракунии президентӣ дар кишвар роҳи аз ҳама осони расидан ба ормонҳои миллӣ ва рушди бемайлони ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат маҳсуб меёфт.
Бо назардошти ин ва дигар омилҳои марбут ба рушду шукуфоии мамлакат оѓоз аз 16 ноябри соли 1994 дар кишвари азизамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якдилию шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин санаи муборак ба даврае рост меояд, ки аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол Президенти кишвар барои фаъолияти расмӣ ба таври мутантан дар иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии давлатҳои ҳампаймону ҳамкор, фаъолону зиёиён ва дигар ниҳодҳои марбутаи дохилию берунӣ қасами садоқат ба халқу давлати Тоҷикистонро ироа доштанд.
16 ноябр тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ворид гардида, дар шинохти асосҳои сохтори конститутсионӣ, функсия ва фаъолияти идоракунии президентӣ барои мардуми мо нақшу манзалати хоса дорад. Мақсад аз рӯзи ид муайян шудани 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз њамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи кишвари маҳбубамон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибќи талаботи Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оѓоз ёфта, Президенти тозаинтихоб ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст. Воқеан, баъди гирудорҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ягона шакли идоракуние, ки метавонист кишварро аз вартаи сангини ҷанги бемаънии шаҳрванди раҳонида зери ѓояи сиёсии давлатсозӣ сарҷамъ мекард, ин гузаштан ба низоми идоракунии президентӣ буд, ки барои идомаи музокирот ва мусоидат дар раванди давлатсозӣ фаъолияти босуботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи дилхоҳ дод. Зеро ҳизбу ҳаракатҳои гуногун дар фазои сиёсии Тоҷикистон хеле зиёд буданд ва барои расидан ба сулҳу осоиштагӣ, якдилию якпорчагии кишвар онҳо назару ақидаҳои гуногуни сиёсӣ доштанд, ки сарҷамъ намудани Тоҷикистони паҳну парешон як масъулияти бузурги идоракуниро тақозо мекард. Ва, хушбахтона идоракунии президентӣ аллакай дар кишвари мо аз соли 1994 инҷониб самараи нек дод ва Президенти маҳбуби кишвар дар роҳи давлатдорӣ ва ҳифозати сулҳу рафоқат ва якпорчагии давлатамон идеали аксари мардуми ин сарзамин аст.
Бешак, дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хамчун мунодии сулху субот, якпорчагию хамраъйии тамоми мардуми кишвар шинохта шуда, дар хар як хонадони точику Тоҷикистони азизи дилу дидаҳост. Маҳз бо заҳмату ҷонфидоии ин абармарди олами сиёсат Тоҷикистон дар масири давлатдории навин гомҳои устувор гузошт, аниқтараш як кишвари пур аз ранҷу дардро ба биҳишти рӯи замин табдил дод.
Дар пайи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат кишвари моро дар тамоми дунё имрӯзҳо мешиносанд ва бо аксари давлатҳои дуру наздик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дорад.
Баъди ҷангҳои таҳмилии дохилӣ сари сиёсат омадани Пешвои муаззами миллат ин як ҳадяи таърихӣ буд, ки имрӯз мо дар зери сиёсати хирадмандонаи ин шахсияти барои миллат азизу мӯътабар кору зиндагӣ дорем.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату давлат, фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, бо ташаббусҳои ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо сокинони мамлакат, балки ҷаҳониён эътироф намудаанд. Воқеан, имрӯз хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таърифу тавсиф ниёз надоранд. Зеро ҳар як хурду бузурги кишвари азизамон ба хубӣ аз ҷахду талошҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар масири давлатдорию давлатсозӣ огоҳанд ва меҳнати софдилонаи ин шахсияти барои давлату миллат азизро қадр менамоянд.
Бинобар ин, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми ҳамватанон сидқан шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо файзу баракат, сулҳу осоиш ва дар тақкими рукнҳои давлатдории президентӣ садоқату мардонагӣ таманно менамоям.
Т. Назарзода, раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин