БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ НИШОНАИ АРҶГУЗОРИИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА ПЕШВОИ ХУД АСТ

АНДЕША. Тайи чанд сол аст, ки ҳамчун 16-уми ноябр дар кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон гирифта, ин рӯзро мардум ба нишонаи арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва камназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Воқеан иродаи шикастнопазири ин фарзанди фарзонаи миллат боис гардид, ки халқи парешонгашта сарҷамъ ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз нав эҳё гардид. Мардум иродаи қавию матонат, сабурию ботамкинӣ, сар нафаровардан пеши ҳеҷ қувваю гурӯҳ ва талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли низоъҳои дохилӣ дида, аллакай ҳамон солҳо ӯро ҳамчун Пешвову раҳнамо қабул намуда буданд.  

Ҳанӯз рӯзҳои аввали ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданашон нотарсона аз роҳи ҷангу зӯроварӣ ва муборизаи мусаллаҳона кор гирифтани гурӯҳҳои манфиатҷӯро сахт танқид намуда, ҳамеша таъкид мекарданд: «Мо як халқу як давлату як миллат ҳастем, ки номамон тоҷику Тоҷикистон аст. Биёед, дар якҷоягӣ коре кунем, ки ҳама дар як майдон ҷамъ оем. Номи ин майдон майдони ваҳдат, меҳнат аст. Чашми халқ сӯи мост, онҳоро ноумед накунем».

«Ё мо сулҳу ваҳдатро дар Тоҷикистон барқарор мекунем, ё ҳамчун шахсони миллаткуш дар таърих абадан мемонем». Ба хотири сулҳу якдигарфҳмӣ, тинҷию оромӣ дар сарзамини Тоҷикистон Роҳбари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф гирифта, ба минтақаҳои ноороме сафар мекард, ки ҳеҷ кас кафолати бехатарии ӯро дода наметавонист. Дар 40 моҳе, ки раванди гуфтушуниди ҷонибҳо идома дошт, борҳо ба Кобул, Хосдеҳ, Эрон, Руссия ҷамъ 21 маротиба вохӯриҳо гузарони­да, беш аз 36 ҳуҷҷати расмиро ба имзо расониданд, ки маҳз бо шарофати он имрӯз мо ҳаёти осоишта ба сар мебарем.

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи нави Тоҷикистонро эҷод кард, 27 июни соли 1997 барои ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро шароит фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд. Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон, таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонааш дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст.

Имрӯз ниҳоят зарур аст, ки то насли ҷавон роҳи душ­вору ноҳамвори ба Истиқлолият ноил шуданро донад ва ба қадри озодию осоиштагии кишвар бирасад.

Аз ин рӯ дар чунин сатҳ ҷашн гирифтани Рӯзи Президент дар шинохти асолати миллии тоҷикон нақши муҳим хоҳад дошт.

Суҳроб Валиев, мудири шуъбаи таблиғоти  КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg