Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи Ленин”-и ҷамоати деҳоти Навоӣ хониши сиёсӣ таҳти унвони “Пешвои миллат ифтихори мост!”баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони Кумитаи иҷрояи дар ноҳия Алиев Зафар иштирок дошта, дар бораи корнамоиҳо ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу амният ва рушду нумуи кишвар суханронӣ намуданд. Инчунин, Исоева Мӯътабар аъзои ташкилоти ибтидоӣ оид ба дастовардовардҳои даврони истиқлолият, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории ваҳдату ягонагӣ ибрози андеша намуд.