Н.ХУСРАВ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 мизи мудаввар дар мавзӯи
«Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- маҳбуби халқу кишвар» баргузор гардид.
Мизи мудаварро раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Ализода Сурайё ифтитоҳ намуда, мақсади баргузории ҷамъомадро шарҳ дода, қайд намуд, ки ҳамасола 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Мо ҳоло дар остонаи ин ҷашн қарор дорем. Маҳз тавассути заҳмату ақли хиради беназири ин фарзанди фарзонаи миллат дар кишварамон сулҳу ваҳдат пойдор гаштааст.
Доир ба ғамхориҳо барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки миллатсозӣ ва сазовори маҳбубияти халқ гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муродов Раҳмон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар охир иширокдорони мизи мудаввар баромад намуда, Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу Истиқлолияти давлатӣ ҳисобиданд.