КӮШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси COVID-19 дар кӯчаи Ибни Синои ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ таҳти унвони “Саломатӣ - сарвати бебаҳо” Аксияи ҳизбӣ гузаронида, ба сокинон ниқобҳои муҳофизавиро дастрас намуданд.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри муҳофизати худ ва дигарон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои беҳдоштиро ҳатман риоя намоянд, нисбати саломатии худ ва пайвандонашон бе тафовут набошанд.