КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ - сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода, роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гулрухсор Шарифзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зимни баромади хеш изҳор доштанд, ки имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои Истиқлолияти комили кишвар аз 27- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мегиранд. Бо қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар як қадами устувор дар роҳи давлатсозиву миллатсози гузошт.
Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳимтарини давраи истиқлолият мебошад ва бо шарофати татбиқи пайгиронаи он ҷомеаи мо дар оғози марҳилаи сифатан тозаи таърихӣ устуворона қадам мегузорад.