БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАФТИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ВА ТАНЗИМИ ҲАРАКАТИ АЪЗОИ ҲИЗБ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

КӮЛОБ. Мудири шуъбаи кор бо занони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунаввараи Бозоралӣ аз рафти ҳуҷҷатгузорӣ ва танзими ҳаракати аъзои ҳизб  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ояндасоз”  дидан намуданд.

Аснои  боздид аз ҷониби масъули ҳизбӣ иҷроиши нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуда, ҳамзамон  ба раванди ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр  шинос шуда, оид ба бартараф намудан камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуд, ки тартиби бақайдгирии узви ҳизб мувофиқи “Низомнома  оид ба тартиби бақайдгириии узви ҲХДТ”  ба роҳ монда шавад ва ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот  тибқи Оиннома ва Барномаи   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

Дар фарҷом ба довталабоне, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, билетҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg