КӮЛОБ. Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” чорабинии фарҳангӣ - сиёсӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур масъулин аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева ва Дилноза Шоева, роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва дигарон иштирок намуданд.
Аз ҷониби масъулин қайд карда шуд, Конститутсияи - ин омили муҳими муттаҳидшавӣ, ҳифзи ризоияти шаҳрвандӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар ҷомеа буда, бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ ба донишҷӯёне, ки барои аъзо шудан ба ТҶҶ “Созандагони Ватан” ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти идона ва тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.