КӮЛОБ. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, ҳифзи ҳуввияти миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносӣ ва таблиғи дастовардҳои миллӣ, дар асоси супориши мақомотҳои болоии ҳизб бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи таҷлил аз санаҳои муҳими таърихӣ озмуни “Иншои беҳтарин” дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома дорад.
Ин навбат бо иштироки корманди масъули ҳизбӣ Саъбагул Валиева бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Олимон” миёни донишҷӯён озмуни “Иншои беҳтарин” таҳти унвони “Президенти мо - ифтихори мо!” баргузор гардид.
Ҳамзамон, мавриди зикри хос аст, ки дар доираи таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни мазкур дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ миёни хонандагону донишҷӯён баргузор гардида истодааст.