БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТУ ВОХӮРӢ ПЕРОМУНИ САНАҲОИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” бо иштироки корманди масъули ҳизбӣ аз Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саъбагул Валиева бахшида ба Рӯзи Президент ва Иљлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ вохӯрӣ доир гардид.

Аснои вохӯрӣ аз ҷониби масъули ҳизбӣ зикр гардид,  ки мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон  марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конситутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии Президентӣ  оғоз ёфта, Президенти тозаинтихрбгардида ба  вазифа шурӯъ намудааст.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки  Иљлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳлаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба нақшаҳои  азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg