БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲОМИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

ВОСЕЪ. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №10-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баромади хеш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳафиза ҳамагонро бо ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, иброз дошт, ки мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст. Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16-уми ноябр Рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Дар охири ҷамъомад ба фаъолон ва нафарони меҳнаташон пурмаҳсул бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорнома дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg