ВОСЕЪ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини ҳизбӣ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” мизи мудаввар таҳти унвони “Пешво дорем-дорем ифтихор” баргузор гардид.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ ҷавононро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар бораи хизмату заҳматҳои Пешвои миллат баҳри ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу амонӣ, ваҳдату ягонагӣ суханронӣ намуд.
Дар идома масъулини ҳизбӣ қайд намуданд, ки ифтихори мо ҷавонон аст, ки чунин Пешвои ғамхору меҳрубон насиби мо гаштааст ва шароите, ки барои мо ҷавонон муҳайё кардааст, ин ҳама боиси шукргузорист. Мо бо ифтихор мегӯем, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар кишвар сулҳу суботро таъмин намуданд, балки ба ҷаҳониён ташаббусҳои нодирро доданд, ки баҳри ҳалли бисёре аз масоили глобаливу минтақавӣ мусоидат менамоянд.