БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ МО ИФТИХОРИ МОСТ!

Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,
Гаштӣ ба рўзи сахтӣ мушкилкушои миллат...

АНДЕША. Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Президент, Ватани маҳбуб, омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии мардуми кишварамон ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки ҳамасола мардуми кишвар ин санаи муҳимро ба як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Таърих гувоҳ ва инсоният шоҳид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки киштии умеди мардуми тоҷикро ба соҳили мурод расонад. Бо амри таърих миллати ранҷбурда ва ҷафодидаи тоҷик 9-уми сентябри соли 1991 волотарин неъмат – Истиқлолияти давлатиро ба даст овард. Гарчанде соҳибихтиёрии давлатӣ барои ҳар як фарзанди бонангу номуси ин сарзамин боиси ифтихору сарфарозӣ буд, вале ҳодисаву воқеаҳои солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷикро дар роҳи ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои ин неъмати бебаҳо ба душвориву мушкилиҳои сангин дучор кард. Якбора боло рафтани руҳияи озодфикрию гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси гурӯҳу ҷунбишҳои гуногун, аз ҷониби роҳбарони давр ба авҷи майдоншиниҳо, хатари парокандашавии миллат ва ҷудоиандозии минтақаҳои кишвар боис гардид. Вазъияти баамаломада зарурати оҷилан андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати хомўш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, сарҷаъмии миллат ва ба сӯйи ҳаёти мӯътадил роҳнамоӣ кардани мардуми тоҷик тақозо менамуд.

Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд заминаҳои хеле мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои азим дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон асос гузошт. Ин иҷлосия дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шӯълаи умедро ба сӯйи фардои неки давлатдории миллӣ фурӯзон намуд. Ба бахти миллати мо фарзанди баору номус, далеру ҷасур ва дорои ифтихори баланди миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ба майдони сиёсат омад. Ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба дӯш гирифт. Миллати тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон - шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои ҳақиқии хешро пайдо намуд. Дар воқеъ, таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тассавур кардан имконнопазир аст.

Имрӯз соҳибистиқлолии моро 30 сол пур шуд. Дар ин  муддат бо шарофату заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаем.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати сохибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона ба таври расмӣ шинохта шудааст. Соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи зиёда аз 200 давлати ҷаҳон эътироф карда шуд ва бо 95 давлати дунё муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ барқарор гардид. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибтамаддун эътироф гаштааст. Имрӯз мо бо ифтихор мегӯем, ки ба бахти баланди миллати тоҷик чунин марди ҷасур, хирадманду оқил, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  насиб гашт.

Ҳамсафони азиз, мову шумо, ки дар арафаи санаи муҳим, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, пас биёд, дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихори баланди ватандорӣ, атрофи сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва Тоҷикистони азиз барои наслҳои оянда ва ободию пешрафт содиқона хизмат намоем.

Ин санаи муҳим, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҳамватанони азиз фархунда гуфта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломативу сарбаландӣ, саодатмандию пирӯзӣ ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон пешрафту рушди бештарро таманно менамоем.

Сулаймонова Лола, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg