БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲЁГАРИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

АНДЕША. Дар тӯли таърихи инсонӣ барои ба сӯйи саодату шукуфоӣ ва ободиву осудагӣ раҳнамун кардани халқу миллатҳои алоҳида нақши фарзонафарзандони он хеле муассиру аҳамиятнок аст. Тоҷикистони соҳибистиқлолу озодро имрӯз  агар ба як қасри муҳташаму зебо шабеҳ намоем,  пеши назарамон созандаи аввалини ин қасри боҳашамат меояд, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 

Баъди даргириҳои зиёди ҷанги шаҳрвандӣ хушбахтона, Офтоб ба рӯйи миллати тоҷик тулӯъ намуд ва дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ваколати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Аввалин сухане, ки аз ин минбари баланд гуфт,  ин буд: “Ман ба шумо сулҳ меорам”.

Новобаста аз надоштани таҷрибаи давлатдорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки ба дарки баланди миллӣ, номуси ватандорӣ дар такя ба халқи азизаш роҳи минбаъдаи давлатро муайян созад. Ин марди ҷасур, поквиҷдону далер аз рӯзи ба сари давлат омадан, ҷомаи нангу номус ба бар намуда, тамоми неруи ҷисмонию ақлонии хешро дар роҳи истиқрори сулҳ равона кард. Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим дар ин маврид шеъре  бо номи "Ормон"  навиштааст:

                   Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,

                    Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.

                    Чу аз ҳар ҷонибе сӯи Ватан боди хазон омад,

                    Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад...

Дар ҳамсоякишвари мо беш аз 30 сол аст, ки ҷанг аст. Тамоми дунё барои таъмини амнияташ кӯшиш мекунад, аммо наметавонанд. Баракати ваҳдат ва саҳми бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мардуми Тоҷикистонро ба зиндагии шоиста овард. Имрӯз мардум ашки шодӣ мерезанд, на ашки ғам. Мегӯянд, ки омили асосии эҷодкории таърих оммаи халқ аст, аммо таърих бе шахсиятҳои бузургаш зеб надоштааст. Мардуми Тоҷикистон ӯро барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ эътироф карда, Пешвои худ мехонанд. Зеро, имрӯз замони бунёдкорию созандагӣ омадааст ва маҳз ҳамин мушкилнописандиҳо буд, ки Роҳбари давлати тоҷикон миллат ва кишварро аз бӯҳронҳои шадид раҳонида, дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо сурату сират, хусусан бо ҷасорат ва рафтори хоксоронаш миёни сарони давлатҳои дунё фарқкунанда аст. Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона барҳақ гуфта:

                          Маҳбуби ҷаҳониву ҳабиби Ватанӣ,

                          Бар ҷумлаи дардҳо, табиби Ватанӣ.

                          Гуфтӣ, ки ман аз баҳри Ватан мемирам,

                         Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби Ватанӣ.

Ҷовидон Мирзоқулов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg