БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

АНДЕША. Иҷлосияи ХVI Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт.

Бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низоми дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид сохт.

Ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматӣ маҳрум гашта, қисмате қурбони ин фоҷиаи дохилӣ гардиданд. Новобаста ба ин, халқи тоҷик ба субҳи умед эътимод дошта, сафедии шабро интизор шуд ва билохира бо афкори тоза дари саодатро бикшод:

Аз ноумедиҳо басе умед аст,

Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашуданӣ ва ҳузнангез сабт шудааст, то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад.

Бешубҳа Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда,  дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъмин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард.

Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдодӣ сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.

Дар Иҷлосияи фавқ ба раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати сардори давлат дода шуд. Ба уҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва Қонунҳои ҶТ вогузор гардид.Хулоса, давлати навтаъсисе, ки ба миён омад, фаъолияти худро аз Оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид.

Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, марудмро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

Воқеан, донаи умед ба тарофату файзи борони Оштии миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвар сабзид.

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Ҳар сол Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором, мутанад сурат мегирад. Ҳама пешрафту нумӯи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат падид омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ва барои дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкорӣ ҳидоят намуд.

Хуллас, ҳар рӯзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ аз худкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеи демокративу дунявиро талқин мекунад. Вазифаҳои ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кулл ва ҳмфзи сарватҳои Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорад. Шодию нишот, бахти баланди одамон ба воситаи дӯстиву рафоқат пайдо мегардад ва баръакс, душманӣ ба рӯзи сахту гарони мардум боис мегардад. Барҳақ, устод Мирзо Турсунзода фармудааст:

Одамон аз дӯсти ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба марду рӯзи сахт.

Инак,  ҳамватанони азиз, мо худ шоҳиди он гардида истодаем, ки бо шарофати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол сатҳи рӯзгору некӯаҳволии мардум хубтар гардида истодааст. Дар ин васила чи қадар ободгароиҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон бараъло мушоҳида мегардад. Бояд гуфт, ки аз навсозӣ ва ба кор андохтани чандин силсиланерӯгоҳҳои барқӣ, иншоотҳои бузурги хизматрасонии сиёсӣ-иҷтимоӣ, роҳҳои фароху кушода, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайраҳо мисол шуда метавонад, аз неъмати истиқлоли кишвар ва маҳз бо ҳам пайвастани мардуми Тоҷикистон аз чунин саҳифаи заррини таърихии Иҷлосияи Шӯрои Олӣ мебошад.

Моро зарур аст, ки барои муқаддас нигоҳ доштани чунин саҳифаҳои таърих ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллии кишвари азизамон Тоҷикистон саъю талошҳои худро дареғ надорем.

Ҷалолов Абубакр, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg