БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

АНДЕША. Аз қадимулайём дар одату анъанаҳои мардуми мо таълиму тарбияи фарзанд мақоми хоса дошт. Имрӯз ҳам баҳри ба воя расонидани ҷавонони солеҳу соҳибмаърифат, пешгирӣ кардани вуруди ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегона ба ҷомеаи навини мо, қабули қонуни мазкур зарур ва саривақтӣ буд. Тавре аз осори гузаштагон ба мо маълум аст, бештари онҳо тавассути панду андарз ба фарзандони хеш насиҳат мекарданд. Ин аст, ки «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон»-у «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ барин асарҳо саросар ба насиҳати фарзанд бахшида шуда, як қисмати муҳими таъмини тарбияи ахлоқиро фаро гирифтанд. Қабули Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он сахт ниёз дошт.. Аз сабаби хеле зарур будани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ҳамасола дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мубрамии онро таъкид менамоянд. Дар Паёми соли 2015 ба Маљлиси Олии мамлакат хотиррасон намуданд, ки тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кўдак, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст: яъне мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, оид ба корҳои дин, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳои соҳавӣ танзим карда мешавад, ба таври дахлдор фаъолият намоянд. Бинобар ин ман зарур мешуморам, ки минбаъд падару модарон масъулияти дучанд дар таълиму тарбияи фарзандон ҳис намуда, бо ин роҳ пеши ҳаргуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва қонуншиканиро гиранд. Дар Паёми имсолаи худ низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26-декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ ва тамоми мардуми шарафманди кишвари азизи ободамон-Тоҷикистон ироа доштанд дар назди масъулони таълиму тарбия вазифаҳои мушаххасро во гузоштанд. Мо фишурдаҳоеро аз он суханони воло ин ҷо меорем: «Бори дигар таъкид менамоям, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Вобаста ба ин, бори дигар ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат менамоям, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд. Албатта, ҳар як падару модар вазифадор аст, ки барои фарзанди хеш тамоми шароитро фароҳам созад, то дар оянда ӯ ҳамчун як шахси баркамол, зиндагидӯст ва ватанпараст ба воя расад». Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулияти асосӣ шахсан ба зиммаи оила ё ба ибораи дигар хонавода вогузошта шудааст. Бинобар ин дар сурате волидайн масъул шуда метавонанд, ки онҳо худ тарбияёфта бошанд ва роҳҳои тарбияро хубтару беҳтар донанд. Тарбияи фарзанд дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ пеш аз ҳама аз муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад. Агар фарзанд аз овони кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъдаи худ ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар боби дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷой дода шуда, аз моддаи 6 то моддаи 9-и қонуни мазкурро дар бар мегирад. Дар моддаи 6-и қонуни мазкур, ки баробарии ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои падару модар ном дорад омадааст: — Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин маънои онро дорад, ки падар ва модар новобаста аз он ки бо ҳам якҷоя ё ҷудо зиндагонӣ доранд, дар таълим ва тарбияи фарзандон ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои баробар доранд.

Ғафурзода Рухсора, корманди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg