БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МО – РАҲНАМОИ МО!

АНДЕША. Санаи 16-ноябр ҳамчун Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишварамон ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Тавре ки ба мо маълум аст, кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати куҳанбунёди тоҷик бемислу нотакроранд. Зеро ин шахсияти бузург барои дифои халқ ва устувор гардонидани пояи давлати тоҷик ҷони худро зери хатар гузошта, дар муддати кӯтоҳ миллатро аз вартаи ҷанг раҳонид. Дарвоқеъ, Пешвои муаззами миллат тавонистанд Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои амнтарин табдил дода, обрӯи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоранд. Дар масири таърих қаҳрамонони зиёди тоҷик корнамоиҳои бузург анҷом додаанд, вале корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон бемислу нотакроранд. Зеро маҳз ба туфайли ин шахсият мо ба сулҳу оромӣ расида, дар зиндагӣ озодона кору фаъолият дорем.     

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат шахсиятест, окилу доно, хирадманд, сулхофар, ки мардуми тоҷикро муттаҳид гардонида, ба қалби мардум шуълаи умедро ворид сохт. Ӯ нагузошт, ки миллат, давлат ва фарҳанги бои халқи тоҷик нобуд гардад. Аз ин рӯ, мо-ҷавонон бояд ба қадри заҳматҳои Пешвои миллат бирасем, пайрави ӯ бошем  ва бо ақлу заковати накӯ ва рафтори намунавӣ кишвари хешро ҳифз намоем, ба пеш барем ва нагузорем, ки душманони миллати тоҷик нақшаҳои зишти хешро нисбати нобуд сохтани кишварамон амалӣ созанд.

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ БА КУЛЛИ СОКИНОНИ КИШВАР МУБОРАК БОШАД!

Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg